5.85M
Category: managementmanagement

Дарси 1

1.

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИМТИҲОНҲОИ
МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ.
ИНТИХОБИ КАСБ ВА ИХТИСОС
(ДАРСИ 1-УМ)
Курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои
таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026

2.

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) низоми марказонидаи ташкилу
баргузории имтиҳонҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии
таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимоти онҳо ба
ин муассисаҳо аст, ки бо мақсади арзёбии воқеӣ ва одилонаи дониш, малака ва
маҳорати довталабон роҳандозӣ шудааст.
Низоми ИМД-ро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
ИМД низоми даврӣ аст, ки он аз марҳалаи омодагӣ барои бақайдгирӣ то
эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот ва ҳозиршавӣ дар муассисаҳои таълимии
дахлдор идома меёбад.
Дар раванди ИМД аз техника ва технологияи муосир васеъ истифода карда
мешавад, ки ин аз байн бурдани таъсири омили инсониро дар ҳамаи раванду
марҳалаҳо таъмин менамояд.
Иштирок дар ИМД ихтиёрӣ буда, хизматрасонӣ ба довталабон пулакӣ
мебошад.

3.

ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
Барои ташкил ва баргузории ИМД маҷмуи принсипҳои муайян пешбинӣ шудааст:
Принсипи адолат – тартиби ягонаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ муқаррар
гардида, ба довталаб ҳуқуқи пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ дода шудааст.
Принсипи шаффофӣ – иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни имтиҳонҳо, пахши
мустақими раванди имтиҳонҳо тавассути камераҳои назоратӣ, эълони натиҷаи имтиҳонҳо ба
воситаи кабинетҳои инфиродию SMS-паёмакҳо ва ғайра.
Принсипи арзёбии одилона – ба воситаи техника ва технологияи муосир ва бо барномаҳои
махсуси худкор коркарду арзёбӣ шудани ИМД ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ дар
ҳамаи марҳалаҳо.
Принсипи дастрасии баробар – довталабон – ҳамаи хоҳишмандоне, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон иҷозат медиҳад, дар нуқтаҳои бақайдгирии дилхоҳ ё ба макони зисташон наздик ба
қайд гирифта мешаванд ва имтиҳонҳоро низ дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои
интихобкардаашон (бо забони тоҷикӣ ё русӣ) месупоранд. Барои довталабони имкониятҳои
ҷисмониашон маҳдуд таъмини шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, барои имтиҳонсупориашон
қоидаҳои мувофиқ муқаррар шудааст.
Принсипи мувофиқат – бо Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ва барномаҳои таълимии
амалкунанда мувофиқ будани мазмуну мундариҷаи маводди имтиҳон.

4.

ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
ИМД аз қисмҳои А – имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти
миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), Б – имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии
таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус)
ва Г (имтиҳони иловагии тахассусӣ) иборат аст.
Ба довталаб имконияти интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳо дар доираи
як гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил
дода шудааст.
Ба ҳар довталаб дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестӣ кабинети
инфиродӣ кушода мешавад, ки дар он вобаста ба ҳамаи марҳалаҳои ИМД – аз
бақайдгирӣ то озмуни тақсимот маълумоти зарурӣ пешниҳод мегардад.
Ба довталаб аз омода ва гузошта шудани даъватномааш дар кабинети
инфиродӣ, натиҷаҳои имтиҳонҳо ва озмуни тақсимот бо паёмаки телефонӣ
(SMS) низ маълумот дода мешавад.

5.

ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
Барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Имтиёзҳо ба онҳо
баъди ба даст овардани холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор дода
мешавад.
Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ тибқи алгоритми махсус ба
воситаи барномаи компютерӣ аз рӯйи бали умумии бадастовардаи довталаб,
бартарии интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба роҳ
монда мешавад.
Дар ҳолати баъди озмуни тақсимоти асосӣ боқӣ мондани ҷойҳои холӣ дар
муассисаҳои таълимӣ озмуни тақсимоти такрорӣ доир мегардад.
Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб бояд вобаста аз ихтисосҳои
дорои ҷойҳои холӣ то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи як гурӯҳи
ихтисосҳо интихоб ва дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ худро аз нав сабти ном
намояд.

6.

ТАВСИЯҲО БАРОИ ОМОДАГИИ
ДОВТАЛАБОН БА ИМД
Омӯзиши маводи дастурию иттилоотӣ оид ба ИМД, аз ҷумла “Роҳнамои
довталаб”, намунаи маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест ва тайёрӣ ба имтиҳонҳо
тибқи барнома ва китобҳои дарсӣ.
Маслиҳат бо наздикони худ дар боби интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои
таълимӣ.
Иштироки фаъол дар курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар муассисаҳои таълимӣ ва
вохӯриҳо бо кормандони Марказ.
Сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи
имтиёзҳо (агар довталаб дошта бошад), барои бақайдгирӣ ва ширкат дар ИМД.
Кушодани почтаи электронӣ ва мунтазам аз сомонаи Марказ (www.ntc.tj),
хизматрасонии “Кабинети инфиродӣ” (http://cabinet.ntc.tj) ва “Худро бисанҷ”
(http://onlinetest.ntc.tj) истифода бурдан.
Истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (https://prereg.ntc.tj).

7.

КАСБ ВА ИХТИСОС
Касб (ҳунар, пеша, шуғл) чунин навъи фаъолияти меҳнатӣ ва машғулияти инсон аст, ки:
омӯзиш ва тайёрии махсусро талаб мекунад;
дар ҳаёти инсон ҳамеша ба кор меравад;
манбаи даромад барои таъмини рӯзгор аст;
ному мартабаи инсонро баланд мебардорад.
Ихтисос навъи мушаххаси кор (фаъолият) дар доираи ин ё он касб аст. Як касб
метавонад чанд ихтисосро дар бар гирад. Масалан, касби муҳандисӣ ихтисосҳои
зеринро фаро гирифта метавонад:
1) сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
2) меъморӣ;
3) автомобил ва хоҷагии автомобилӣ;
4) таъмини барқ;
5) автоматонии системаҳои коркарди иттилоот ва ғайра.
Пас аз омӯзиш шахс аз рӯйи ин ихтисосҳо дорои тахассусҳои муҳандис-бинокор;
муҳандис-лоиҳакаш; муҳандис-механик; муҳандис-энергетик ва ғайра мешавад.

8.

ТАЛАБОТУ ТАВСИЯҲО БАРОИ
ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ИХТИСОС
Сатҳи дониш ва
маҳорату малака
доштан
Талаботи бозори
меҳнатро донистан
Маълумот дар бораи
ихтисосҳо доштан
Ба эътибор гирифтани
мавқеи оила ва
мутахассисон

9.

ТАЛАБОТУ ТАВСИЯҲО БАРОИ
ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ИХТИСОС
Барои дурусту дақиқ ва бошуурона интихоб намудани ихтисос ҳар як ДОВТАЛАБ
бояд:
сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худро дар мадди назар гирад (бахусус, барои
ихтисосҳое, ки озмунашон баланд аст), зеро ки он омили комёбии довталаб дар ИМД
аст;
бо олами ихтисосҳо шинос шуда, хусусиятҳои онҳоро фаҳмида, бо имкону тавони худ
муқоиса намояд;
талаботи бозори меҳнатро ба ихтисосҳо ба назар гирад;
ҳангоми интихоби ихтисос ба таҷриба ва маслиҳату пешниҳоди падару модар,
устодон, хешу табор ва мутахассисони соҳа низ диққат дода, онро ба эътибор гирад;
хусусиятҳои физиологию психологии худ − саломатӣ, дониш, шавқу ҳавас, меҳру
садоқат, лаёқату истеъдодро ба назар гирад.
Касбу ихтисосро ҳатман бо ихтиёри худ интихоб кунед. Дар ёд дошта бошед, ки бо
ин касбу ихтисос Шумо шояд тамоми умр кору зиндагӣ намоед!

10.

ТАВСИЯҲО БАРОИ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ
ИХТИСОС ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Ҳар як ДОВТАЛАБ вобаста аз шароит ва имкониятҳояш бояд
меъёрҳои зарурии интихоби ихтисос ва МТТМОК-ро, аз ҷумла инҳоро
ба эътибор гирад:
имкони пардохти маблағи таҳсил ва истиқомат (яъне, намуди
таҳсил: ройгон ё пулакӣ; манзили зист: хобгоҳ, хонаи иҷора ...);
макони ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
нуфуз ва эътибори (рейтинги) муассисаи таълимӣ;
зерсохтори муассисаи таълимӣ (хобгоҳ, китобхона, толорҳои
варзишию фарҳангӣ ва ғайра);
шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ).

11.

ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО.
МОҲИЯТИ БАРТАРИИ ИНТИХОБ
Довталаб ҳуқуқи танҳо дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи
ихтисосро вобаста аз:
1. Муассисаи таълимӣ:
а) барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё
миёнаи касбӣ доранд:
• танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
• танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
• ҳам аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам аз
муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
б) барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ (пас аз хатми
синфи 9-ум) доранд:
• танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ.

12.

ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО
2. Шакли таҳсил:
а) барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё
миёнаи касбӣ доранд:
• аз рӯйи яке аз шаклҳои таҳсил (рӯзона; шабона; ғоибона; фосилавӣ);
• аз рӯйи шаклҳои гуногун (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ).
б) барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ (пас аз хатми
синфи 9-ум) доранд:
• танҳо аз рӯйи таҳсили рӯзона.
3. Намуди таҳсил:
– новобаста аз он, ки довталаб кадом таҳсилотро дорад (барои ҳама):
• танҳо аз рӯйи яке аз намудҳои таҳсил: ройгон ё пулакӣ;
• аз рӯйи ҳам таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ.

13.

МОҲИЯТИ БАРТАРИИ ИНТИХОБ
Довталаб бояд он комбинатсияи ихтисосеро дар рӯйхати
интихобҳояш дар ҷойи аввал монад, ки онро бештар писанд ва заруртар аз
дигараш меҳисобад (бартарии интихоб). Сипас интихобҳои боқимондаро
(мувофиқи хоҳишаш) дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва ғайра – то дувоздаҳум
ҷобаҷо гузорад.
Интихоби касб ва ихтисос кори ШАХСИИ ҳар кас аст.
Довталаб дар интихоби ихтисос ва ҷобаҷогузории он ОЗОД аст.
Шахсони дигар ба довталаб танҳо ТАВСИЯ дода метавонанд.

14.

Намунаи тавсиявии интихоби комбинатсияи
ихтисосҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (барои синфи 11)
Р/т
Ихтисос
1
1430101 – Неругоҳҳои барқӣ
2
1430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо)
3
17406050102 – Барқикунонии кишоварзӣ
4
151010103 – Гидрогеология ва геологияи
муҳандисӣ
143010601 – Технологияи энергияи
самарабахш дар энергетика (ФМТР ТС ва
ТК)
010302 – Математикаи амалӣ ва
информатика
5
6
Шакли
таҳсил
рӯзона
Намуди
таҳсил
ройгон
рӯзона
ройгон
рӯзона
ройгон
Забони
таҳсил
тоҷикӣ;
русӣ
тоҷикӣ;
русӣ
тоҷикӣ
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи
М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе
рӯзона
ройгон
русӣ
Муассисаи таълимӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.
Осимӣ (шаҳри Душанбе)
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.
Осимӣ (шаҳри Душанбе)
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ
Шоҳтемур (шаҳри Душанбе)
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)
7
1690101 – Меъморӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.
Осимӣ (шаҳри Душанбе)
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ;
русӣ
8
1430101 – Неругоҳҳои барқӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.
Осимӣ (шаҳри Душанбе)
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ;
русӣ
9
130302 – Электроэнергетика ва
электротехника
Филиали “Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ”-и Донишкадаи
энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе
рӯзона
пулакӣ
русӣ
10
131030202 – Механика (фаъолияти илмию
Донишгоҳи милли Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)
истеҳсолӣ)
243010301 – Таъминоти барқ дар корхонаҳои Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба
саноатӣ
номи академик М. Осимӣ (шаҳри Душанбе)
2430103 – Таъминоти барқ (аз рӯйи соҳаҳо)
Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри
Душанбе
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
11
12

15.

Намунаи тавсиявии интихоби комбинатсияи
ихтисосҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (синфи 9-ум)
Р/т
Ихтисос
Муассисаи таълимӣ
Шакли
таҳсил
Намуди
таҳсил
Забони
таҳсил
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
1.
2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ
2.
2010101 – Таҳсилоти томактабӣ
3.
2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
4.
2010101 – Таҳсилоти томактабӣ
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
5.
2020301 – Забон ва адабиёти
тоҷик
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
рӯзона
ройгон
тоҷикӣ
6.
2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
7.
2010101 – Таҳсилоти томактабӣ
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
8.
2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
9.
2010101 – Таҳсилоти томактабӣ
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
10.
2020301 – Забон ва адабиёти
тоҷик
2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
2020301 – Забон ва адабиёти
тоҷик
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор
рӯзона
пулакӣ
тоҷикӣ
11.
12.

16.

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ
ДИҚҚАТАТОН
ТАШАККУР!
Нишонии Марказ:
шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Телефонҳо: (992-37) 224-53-68, 224-53-73.
Факс: (992-37) 224-53-66.
Сомона: www.ntc.tj
Почтаи электронӣ: office@ntc.tj
English     Русский Rules