Мабл ағи х удро муҳоф изат кунед, то ки ояндаи х удро таъ мин намоед
1.
Мабл ағи х удромуҳоф изат кунед,
то ки ояндаи х удро
таъ мин намоед
2.
GLOBAL MONEY WEEKчист?
GMW - маъракаи ҳамасола аст, ки
ҳадаф и он ҷавононро дар бораи
саводнокии молиявӣ омӯзонидан
мебошад, то ҷавонон аз хурдӣ
тавонанд қарорҳои молиявии
оқилона қабул кунанд ва беҳбудии
молиявии худро дар оянда таъмин
намоянд.
3.
Чаро дар бораи маблағи худ ғамхорӣ карданва дар бораи оянда фикр кардан муҳим аст?
Ғамхорӣ дар бораи маблағи худ ва фикри оянда дар ҳаёти
мо нақши муҳим дорад.
Аввалан, суботи молиявӣ имкон медиҳад, ки ба оянда
эътимод дошта бошед.
Сониян, фаҳмидан муҳим аст, ки қарорҳои молиявии
ҳозира метавонанд ба оянда таъсир расонанд.
Сеюмин, банақшагирии оянда ба мо кӯмак мекунад, ки ба
ҳадафҳои худ ноил гардем, хоҳ он харидани хона бошад,
хоҳ таҳсил ё нафақаи оянда.
Ниҳоят, маблағи худро муҳофизат карда, мо чизе, ки дорем
қадр менамоем, ва барои бештар кӯшиш мекунем.
4.
Чаро муҳим аст, ки шумо донед чӣ қадарпул доред ва он ба чи сарф карда мешавад?
Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки молияи худро назорат
карда аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед.
Инчунин имкон медиҳад, ки барои оянда нақша гиред
ва ҳадафҳои молиявиро муайян намоед.
Донистани вазъи молиявии худ ба шумо дар қабули
қарорҳои огоҳона дар бораи хариди калон ё
сармоягузориҳо кӯмак менамояд.
Инчунин ин ба шумо имкон медиҳад, ки ба хароҷоти
ғайричашмдошт ё бӯҳрони молиявӣ омода бошед.
5.
Чӣ гуна ҳадафҳои молиявии худро тартиб кардан лозимаст ва онҳо дар оянда ба шумо чӣ дода метавонанд?
Муайян кардани ҳадафҳои молиявӣ ҳамчун барои
маблағи худ нақша тартиб кардан аст.
Масалан, шумо метавонед барои хароҷоти
ғайричашмдошт «болишти бехатарӣ» кушоед, барои
таҳсил сарфа кунед ё ҳатто ба нақша гирифтани
нафақаи худро оғоз намоед.
Аввалан шумо бояд қарор диҳед, чӣ ба даст овардан
мехоҳед ва сипас муайян намоед чӣ тавр ва кай ин
корро карда метавонед.
Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳамеша ҳавасманд
бошед, қарорҳои оқилона қабул намуда ба ноил
шудани ҳадафҳои худ наздиктар шавед.
6.
Чӣ тавр буҷет созед ва маблағи худро пайгирӣ намоед?Сохтани буҷет ва пайгирии маблағ малакаҳои муҳимест, ки дар тӯли ҳаёт ба шумо хидмат
хоҳанд кард. Инҳо чанд қадамҳои оддии, ки шумо метавонед дар ин роҳ занед:
Ҳама даромади худро нависед. Ин
метавонад маблағе бошад, ки шумо аз
кори иловагии худ мегиред ё маблағе,
ки волидонатон ба шумо медиҳанд.
Ҳама хароҷоти худро нависед. Ин
метавонад маблағе бошад, ки шумо
барои ғизо, маводи омӯзишӣ ё
вақтхушӣ сарф мекунед.
Хароҷоти худро аз даромади тарҳ
кунед. Ин нишон медиҳад, ки пас аз
пардохти тамоми хароҷоти зарурӣ,
чӣ қадар маблағатон мондааст.
Ба худ мақсад гузоред. Шояд шумо мехоҳед
барои дучархаи нав ё сафар бо дӯстон
маблағ ҷамъ ккнед. Ба нақша гиред, ки ба
шумо чӣ қадар маблағ лозим аст ва чӣ қадар
вақтро барои он сарф кардан мехоҳед.
7.
БехатарӣБехатар нигоҳ доштани маблағи худ, қисми ҷудонашавандаи
саводнокии молиявӣ аст. Я кчанд маслиҳат оид ба ин:
Ҳама пулҳои худро дар як ҷо нигоҳ надоред.
Барои кам кардани хатари гум шудан ё дуздӣ,
онҳоро дар якчанд ҳисобҳо нигоҳ доред.
Аз хароҷоти нолозим худдорӣ намоед. Кӯшиш
кунед, маблағро барои чизҳое, ки ба шумо
лозим нест, ё ин ки ба нархи арзонтар ба даст
оварда метавонед, харҷ накунед.
Маълумоти бонкии худро ба касе надиҳед. Ҳ еҷ
гоҳ маълумоти шахсӣ ё бонкии худро бо
шахсони бегона мубодила накунед.
Дар саҳиф аҳои иҷтимоӣ эҳтиёт бошед. Аз
сайтҳои қаллобӣ канорагирӣ кунед ва аз
сайтҳое, ки пайвасти бехатарро таъмин
намекунанд, харид накунед.
8.
Маблағро дар бонк нигоҳ доредАмонат
Амонат ин маблағест, ки шумо ба
муддати муайян бо ф оиз дар бонк
мегузоред.
Амонат яке аз роҳҳои боэътимоди
нигоҳдорӣ ва зиёд кардани
пасандозҳои шумост, зеро онҳо бо
суғуртаи пасандозҳо ҳиф з карда
мешаванд ва ба тағйирёбии бозор
дучор намешаванд.
Пасандоз
Пасандоз роҳи оддӣ ва боэътимоди зиёд
кардани маблағи шумост.
Бо кушодани пасандоз шумо ба муддати
муайян дар бонк маблағ мегузоред ва
ф оиз мегиред.
Маблағи ба пасандоз гузошташуда
муддати дароз метавонад ф оиз ба даст
оварад ва то ба охир расидани мӯҳлати
пасандоз, онро гириф тан мумкин нест.
9.
Дар куҷо шумо метавонед маблағихудро бехатар нигоҳ доред?
ТҚҒ “Васл” имконоти оптималии
нигоҳдории маблағро дар
суратҳисоби ҳамёни мобилии “Vasl
Pay” ва корти «Корти Миллӣ» аз
Васл пешниҳод мекунад.
Васл бехатарии нигоҳдорӣ ва
иҷрои интиқоли маблағро кафолат
медиҳад
10.
Ҳамёни мобилии VaslPay
Функсияҳои асосии ҳамёни мобилӣ:
пардохти ғайринақдии молҳо, хизматрасониҳо,
ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигар;
интиқол ба дигар ҳамёнҳо, кортҳои бонкӣ,
суратҳисобҳо, системаҳои интиқоли маблағ;
пур кардани маблағ тавассути кортҳо,
терминалҳо ва усулҳои дигар;
пайваст кардани корти бонкӣ.
11.
Корти Милл ии ВаслКорти Миллӣ ин корти пардохтиест, ки ба
дорандагон маҷмӯи пурраи муомилоти молиявии
шиносро шахсан ва ба таври ф осилавӣ дар
Тоҷикистон ва хориҷи кишвар пешкаш менамояд.
Корти пластикии дебетӣ барои нигоҳдорӣ ва
идоракунии маблағи шахсии шумо пешбинӣ
шудааст.
Шумо метавонед онро барои пардохти мол,
хизматрасонӣ ва гириф тани пули нақд аз
банкомат истиф ода баред.
12.
Ба диққататон ташаккур![email protected]
+992 98 111 01 89
www.vasl.tj
@vasl.tj